Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз рӯи далели фурӯши дорувориҳои гуманитарӣ мудири анбори Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил дар минтақаи Кӯлоб Назар Раҷабовро боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, номбурда ба фурӯши дорувориҳои гуманитарии марбут ба бемориҳои сил, ки аз барномаи хориҷии "НОРЕ" ба Тоҷикистон ворид гардидааст, машғул гардида, аз шаҳрванд «А» барои дастрас намудани ин навъи доруворӣ, ки бояд ройгон дода мешуд, 5000 сомонӣ талаб намудааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ мудири анбор зимни ба шаҳрванд «А» фурӯхтани дорувории зикргардида, дастгир гардида, маблағи 5000 сомонӣ аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати зикргардида, нисбати боздоштшуда бо моддаи 257 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Дар ин моддаи қонунгузорӣ ҷарима дар ҳаҷми то 64 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 7 сол пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.