Се корманди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои таҳдид (шантаж) ва тамаъҷӯӣ боздошт шуданд: онҳо бо таҳдиди оғози парвандаи ҷиноӣ аз намояндаи ақалиятҳои ҷинсӣ пул тамаъҷӯӣ кардаанд. Онҳо аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод охири ҳафтаи гузашта боздошт шудаанд.

Котиби матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷуҳурӣ Фаромарз Раҳмонзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки майори милитсия Шоҳрамазон Боронов, капитанҳо Нарзуллои Асламзода ва Оятулло Сайфиддинов ва як шахсе бо номи Диловар Мирзоев ҳангоми гирифтани 3 ҳазор сомонӣ аз як марди ҳамҷинсгаро (гей) дастгир шудаанд.

«Онҳо аз ӯ аввал 2 ҳазор сомонӣ гирифта, онро байни худ тақсим мекунанд ва боз 3 ҳазор сомонии дигар талаб карда, вақти гирифтани ин пулҳо аз ҷониби кормандони Агентӣ боздошт шуданд», - гуфт котиби матбуотии Агентӣ.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи ин далел нисбати кормандони ВКД Тоҷикистон бар асоси моддаҳои «тамаъҷӯӣ» ва «таҳдид»-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.