Шахсе, ки ба собиқ сардори яке аз Сарраёсатҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Аскар Нурализода ба маблағи ним миллион доллар пора пешниҳод кард, зери ҳимояи қонунҳои ҷумҳурӣ қарор дорад.

Дар ин бора имрӯз ба «Азия-Плюс» муовини роҳбарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Илёс Идрисзода хабар дод.

Ӯ таъкид дошт, ки мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, агар шахсеро, ки ба пора додан маҷбур созанду ӯ ихтиёрӣ дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар диҳад, пас ӯ аз ҷавобгарӣ озод шуда, зери ҳимояи меъёрҳои қонун қарор мегирад.

Ба қавли номбурда, Аскар Нурализода, ба ворид кардани банди рушди парандапарварӣ дар ноҳияи Балхӣ ба Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои солҳои 2016-2020 фурсат наёфта, бо ин сабаб пора талаб кардааст.

Идрисзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли 2017 аз рӯи далелҳои пешниҳоди пора 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки ба мақомот дар бораи аз ҷониби сохторҳои гуногун талаб шудани пора аз онҳо хабар надодаанд.

Ба гунаи мисол ӯ хотиррасон намуд, ки роҳбари филиали БДА «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода барои он боздошт шудааст, ки ба корманди Агентии зиддифасод ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ пора пешниҳод кард.

Ёдрас мекунем, ки суди ноҳияи Сино Аскар Нурализодаро ба иттиҳоми якчанд далели порагирӣ ба 11 соли зиндони низомаш шадид ва маҳрум шудан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти давлатӣ ба муҳлати 5 сол маҳкум кард.