Дар фурудгоҳи шаҳри Краснодар зимни санҷиши мусофирони хатсайр аз Душанбе кормандони гумрук аз бағочи шаҳрванди Тоҷикистон миқдори ниҳоят зиёди пулро бо асъори хориҷӣ дарёфт карданд, хабар медиҳад портали интернетии «Кубань-24» бо истинод ба хадамоти матбуоти мақомоти гумруки Краснодар.

Ин мард бо худ 113 ҳазору 70 доллари ИМа пули нақд дошт. Ӯ бидуни пур кардани эъломияи гумрукӣ аз "коридори сабз” гузаштанӣ шуда, қонугузории гумрукии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС)-ро рияо накард, хабар додаанд аз дафтари матбуоти мақомоти гумрук.

Гуфта мешавад, пулҳои мусофир мусодира шуда, ҳолатҳои ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Хадамоти гумруки Краснодар ба шаҳрвандони бо нақлиёти ҳавоӣ сафардошта ба берун аз қаламрави Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё зарурати саривақт шинос шудан бо қоидаҳои гумрукиро хотиррасон менамояд.

Қобили зикр аст, ки зимни ворид кардан ё аз қаламрави Русия берун баровардани асъори беш аз 10 ҳазор доллари ИМА, расман пур кардани эъломия зарур аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.