Сокини 32-солаи шаҳри Ҳисор ҳангоми меҳмонӣ дар яке аз манзилҳои Душанбе сейфро шикаста, аз он 70 ҳазор сомониро дуздидааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шахси гумонбар ба содир намудани ин ҷиноят боздошт шудааст.

«Номбурда ҳангоми меҳмонӣ дар манзили истиқоматии зани 31-солаи соҳибкори сокини пойтахт қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷевон (сейф)-и оҳанин 70 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор намудааст», - омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтиши қазия идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.