Наздикон ва адвокати сокини 40-солаи шаҳри Кӯлоб Абдурасул Назаров, ки рӯзи 29 март баъди боздошт дар шуъбаи милитсия ҳалок шуд, аз гӯр берун овардани ҷасади ӯро талаб доранд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешону наздикони марҳум хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо, табибоне, ки дар бораи сабабҳои марги Назаров хулоса таҳия карданд, ба адвокат нусхаи шаҳодатномаи тиббиро надодаанд: онҳо баҳона пеш меоранд, ки санад ба прокуратураи шаҳр дода шудааст, ки дар он ҷо ин далелро месанҷанд.

Наздикони фавтида изҳор мекунанд, ки Абдурасул Назаров бар асари шиканҷа фавтида, онҳо пеш аз гӯручӯб осори захм ва лату кӯбро аксбардориву дар видео навор гирифтаанд.

Онҳо ҳамчунин нашъаманд будани Назаровро рад намуда, қайд мекунанд, ки аз дармонгоҳҳои муолиҷаи нашъамандии Душанбе ва Кӯлоб доир ба дар қайди онҳо набудани ӯ маълумотномаҳои дахлдор доранд.

Дар прокуратураи пойтахт ба наздикони марҳум итминон додаанд, ки имрӯз масъалаи оғоз шудан ё нашудани парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели марги Назаров ҳал мешавад.

Ёдрас мекунем, ки прокуратураи шаҳри Душанбе аз рӯи далели марги Абдурасул Назаров, ки баъди боздошт аз ҷониби кормандони милитсияи ШВКД Сино-2 ҳалок шуд, санҷишро оғоз намуд. Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ низ тафтиши дохилӣ мегузаронад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.