Ҳайати мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Суғд ба баррасии мурофиаи 7 нафар аъзои як оила аз ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара оғоз намуд, ки чор нафари онҳо занон мебошанд.

Моҳи марти соли гузашта азои ин оила иборат аз 27 нафар қарор мекунанд, ки ба ҷанги Сурия раванд. Онҳо аввал ба шаҳри Алмаато рафта, он ҷо ду моҳ зиндагӣ мекунанд ва сипас ба Туркия рафта, дар ин кишвар низ 4 моҳи дигар истиқомат мекунанд.

Охири соли 2017 дар шаҳри Хатайии Туркия онҳо кӯшиш мекунанд, ки сарҳадро гузашта, ба шаҳри Идлиби Сурия ворид шаванд. Ба 18 нафар муяссар мешавад, ки сарҳадро гузаранд ва айни замон онҳо дар Сурия қарор доранд. 9 нафари онҳоро хадамоти махсуси Туркия боздошт ва ба ихтиёри Тоҷикистон медиҳад.

Миёни боздоштшудагон дар Туркия як духтарчаи ноболиғ ва 1 зани бемор низ ҳузур доштаанд, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз нашуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.