Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ нисбати ду сарбози Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баррасӣ ва онҳор ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум намуд.

Хизматчиёни ҳарбии қисми низомии №0215 Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Хусрав Меликов ва Ҷонибек Ирсалиев мутаносибан ба 21 ва 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

«Зимни мурофиа муайян карда шуд, ки ба тиркушоӣ Ирсалиев фармон дода, Меликов аз автомат оташ кушодааст», - хабар дод як манбаъ аз суди ҳарбӣ.

Ёдрас мекунем, ки бар асари ин тиркушоӣ ду нафар сокинони шаҳри Исфара - Абӯбакр Боев ва Қодирхон Усмонхоҷаев, ки ба Конибодом барои моҳигирӣ рафта буданд, ҳалок шуданд.

Мутриба Охунова, ҳамсари Усмонхоҷаеви фавтида дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки аз қарори суд қаноатманд аст.

«Вале масъалаи пардохти ҷубронпулӣ аз ҷониби КДАМ ба оилаҳои фавтидагон ҳалношуда боқӣ монд, - иброз дошт ӯ. - Дар суд айбдоркунандаи давлатӣ талаб намуд, ки Қушӯнҳои сарҳадӣ ба мо ҷубронпулӣ пардохт кунанд, вале дархости ӯ дар ҳалномаи суд зикр нашуд».

Номбурда қаблан ба ВАО изҳор намуда буд, ки намояндагони Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, мақомоти шаҳрдории Исфара боре ҳам аз ҳолу аҳволи оила ва кӯдакони ӯ хабар нагирифтаанд.

Ёдрас мекунем, ки сафар ба моҳидории 4 сокини шаҳраки Гулистони ҷамоати Кӯлқанди шаҳри Исфара ба Конибодом рӯзи 7 январи соли равон фоҷеабор анҷом ёфт: ҳарбиён сӯи онҳо тир холӣ карданд, ки дар натиҷа 2 нафари онҳо ба ҳалокат расиданд. Яке аз онҳо - Абӯбакр Бобоев баъди ҳодиса дигар ба ҳуш наомада ҳалок ва дуюмӣ - Қодирхон Усмонхоҷаев баъдтар фавтид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.