Суди вилояти Суғд як зани 71-сола, шаш узви оила ва наздиконашро ба иттиҳоми "қасди ҷиҳод" дар Сурия, мутаносибан аз 12 то 17 солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бар пояи ин ҳукм, ки баъд аз зӯҳри 18-уми апрел эълон шуд, Мавлуда Насриддиноваи 71-сола 12 солро пушти панҷараи зиндон сипарӣ мекунад. Додгоҳ писари 47-солаи ӯ Баҳодур Насриддиновро ба 17 сол ва наберааш Ҳайдархон Насриддинов ва домодаш Насруллохон Абдувалиевро ба 12,5 соли зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш сахт, маҳкум намуд.

Бар асоси ҳукми суд духтари ин зан Фарзона Насриддиноваи 19-сола (ҳамсари Насруллохон Абдувалиев) ва хешовандони хонавода - Шоҳина ва Мушоҳирахон Нуриллоеваҳо ҳам ҳар яке ба 12 соли зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш умумӣ, маҳкум шудаанд.

Ду узви дигари хонавода - Шоҳида Нуриллоеваи 24 ва Маърифат Насриддиноваи 16-сола қаблан ба далели бемории рӯҳӣ ва ноболиғӣ, аз ҷавобгарӣ озод шуда буданд. Фарзона Насриддинова, ҳамсари Насруллохон Абдувалиев, ки додгоҳ 12 сол маҳкум ба зиндонаш кард, дар батн кӯдаки 7-моҳа дорад.

Ин хонавода сокини ҷамоати Навгилеми Исфара мебошад. Мурофиаи додгоҳӣ, ки 11 апрел шурӯъ шуд, зери раёсати Фирӯза Аҳмадзода, додраси додгоҳи вилояти Суғд сурат гирифт.