Собиқ раиси бонки тиҷоратии мавриди барҳамдиҳӣ қарордошта шоми дирӯз аз ҷониби кормандони прокуратура боздошт ва айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қарор дорад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаи боэътимод.

Тибқи баъзе маълумот, ба боздоштшуда пешниҳоди айбномаҳо дар мавриди ғайриқонунӣ додани қарз, камомад ва азхудкунии маблағҳои «Тоҷпромбонк» (амонатгузорон) имкон дорад. «Тоҷпромбонк» феълан дар марҳилаи анҷоми расмиёти барҳамдиҳӣ қарор дорад.

Қаблан зикр шуда буд, ки замони роҳбарӣ ба «Тоҷпромбонк» Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулони анҷоми расмиёти барҳамдиҳии «Тоҷпромбонк» ба «Азия-Плюс» изҳор намуданд, ки дар бораи боздошти собиқ раиси бонк огаҳӣ надоранд. Онҳо қайд карданд, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта Зиёев дар дафтари асосии кории бонк ҳузур дошт.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ин маълумот алҳол тасдиқу инкор ё шарҳи расмӣ садо надодааст.

Ёдрас мекунем, ки иҷозатномаи «Тоҷпромбонк» охири моҳи феврали соли 2017 бозхонд шуда, аввали моҳи марти соли гузашта Суди иқтисодии Душанбе дар бораи оғози барҳамдиҳии муассиса қарор содир намуд. Ҷараёни барҳамдиҳӣ метавонад муддати ду сол идома ёбад. Дар сурати зарурат, қонунгузорӣ ба дароз шудани муҳлат боз ба як соли дигар бо қарори суд имкон медиҳад.

Бино ба маълумоти охир, айни замон 2070 шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба «Тоҷпромбонк» ба маблағи умумии 266 млн. сомонӣ қарздоранд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ нархгузорӣ шудааст. Ҳаҷми умумии уҳдадориҳои бонк наздики 550 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти аз ҷониби ҳукумат интишоршуда, дар рӯйхати амволи «Тоҷпромбонк» 117 иншоот, аз ҷумла бинои асосии дафтари корӣ, 21 бинои филиалҳо, ҳамчунин хонаҳои истиқоматии сершумор, коргоҳҳои истеҳсолии хурд, марказҳои хизматрасонӣ ва ғайра номнавис шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.