Дар озмуни «Беҳтарин нозири минтақавии сол-2017», ки мақомоти шаҳрдории Душане эълон карда буд, 18 нафар нозирони минақавии милитсияи пойтахт иштирок карданд.

Комиссияи иборат аз кормандони Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душабе фаъолияти нозирони минақавии милитсияи шаҳрро мавриди омӯзиш қарор дода, се нафар ғолибонро эълон кард.

Шарти асосӣ он буд, ки муддати сол дар минтақаи нозир бояд ҳамаи ҷиноятҳо ошкор шуда, худи нозирро аҳолӣ хуб шиносад.

Ҳамин тариқ, подполковники милитсия, сардори минтақаи хизматии маъмурии №6 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Алиҷон Калонзода ғолиби озмун дониста шуда, ба ӯ ба мабалғи 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супурда шуд.

Зинаи дуюмро Мустафо Қурбонов, подполковники милитсия, нозири минтақаи хизмати маъмурии №12 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ишғол намуда, ба 12 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ соҳиб шуд.

Амирхон Одинаев, майори милитсия, сардори минтақаи хизматии маъмурии №1 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҷойи сеюм сазовор дониста шуда, ба ӯ 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим шуд.

Қобили зикр аст, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо ва тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ роҳандозӣ гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.