Соли гузашта маблағи ҷаримаҳо барои риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон наздики 476 млн. сомониро ташкил дод.

Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Абдураҳмон Аламшозода дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2017 ва семоҳаи аввали соли равон дар роҳҳои кишвар наздики 1 млн. 500 ҳазор қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, соли гузашта ва тӯли се моҳи ҳамин сол дар роҳҳои пойтахт камераҳои мушоҳидаи видеоии «Шаҳри бехатар» беш аз 301 ҳазор вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагонро сабт кардаанд.

«Маблағи умумии ҷаримаҳо дар Душанбе барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар ин давра 30 млн. 400 ҳазор сомониро ташкил дод», - қайд кард муовини вазир.


Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар пойтахт 31 октябри соли 2014 мавриди амал қарор гирифта, дар доираи он дар тамоми роҳҳои пйтахт 870 адад камераҳои сабти видеоӣ насб шудаанд.

Маблағи амалисозии лоиҳа 22 млн. доллар арзёбӣ шуда, аз ин миқдор 20,9 млн. доллар - қарзи дарозмуҳлати Чин ва боқимонда 1,1 млн. доллар ҳиссаи Тоҷикистон аст. Зикр гардида буд, ки муддати 20 сол ин қарз аз ҳисоби ҷаримаҳои пардохтшуда барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пардохта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.