Ҳукми се корманди милитсияро, ки аз марди намояндаи ақалиятҳои ҷинсӣ бо таҳдид (шантаж) пул тамаъҷӯӣ карданд, суди ноҳияи Сино санаи 1 май содир мекунад.

Дар ин бора ба «Азия-Плюс» муовини аввали раиси суди ноҳияи Сино Мизо Одиназода хабар дода, изҳор намуд, ки маълумот дар бораи эълон шудани ҳукм нисбати онҳо гӯё ҳанӯз як ҳафта пеш асоси воқеӣ надорад.

Суди ноҳияи Сино, маълумоти Радиои Озодӣ дар бораи ҷарима бастани ин кормандони ВКД Тоҷикистонро ба маблағи 165 ҳазор сомонӣ рад кард.

Аввали моҳи феврал се корманди ВКД Тоҷикистон майори милитсия Шоҳрамазон Боронов, капитанҳо Нарзуллои Асламзода ва Оятулло Сайфиддинов ва як шахсе бо номи Диловар Мирзоев барои таҳдид (шантаж) ва тамаъҷӯӣ боздошт шуданд: онҳо бо таҳдиди оғози парвандаи ҷиноӣ аз намояндаи ақалиятҳои ҷинсӣ пул тамаъҷӯӣ кардаанд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми гирифтани се ҳазор сомонӣ аз марди ҳамҷинсгаро (гей) аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод боздошт шуданд.

«Онҳо аз ӯ аввал 2 ҳазор сомонӣ гирифта, онро байни худ тақсим мекунанд ва боз 3 ҳазор сомонии дигар талаб карда, вақти гирифтани ин пулҳо аз ҷониби кормандони Агентӣ боздошт шуданд», - гуфта буд котиби матбуотии Агентӣ.

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи ин далел нисбати кормандони ВКД Тоҷикистон бар асоси моддаҳои «тамаъҷӯӣ» ва «таҳдид»-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.