Суди вилояти Хатлон сокини 32-солаи ноҳияи Вахшро барои таваҷҷуҳ ва паҳнкунии сабтҳои видео дар бораи раиси Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикиситон манъшудаи наҳзати исломӣ ва генерали ошӯбгари Вазорати мудофиа Абдуҳалим Назарзода ба муҳлати зиёди зиндон маҳкум намуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди вилоят хабар дод, сокини 32-солаи ноҳияи Вахш Алиҷон Шарипов зимни муҳоҷират дар қаламрави Русия мунтазам сабтҳои видеои суханронии М.Кабирӣ ва гузоришҳо дар бораи Ҳоҷӣ Ҳалимро тамошову барчин карда, сипас байни дӯстони виртуалии худ паҳн мекардааст.

“Дар ҷараёни мурофиа Шарипов иқрор шуд, ки дарвоқеъ ҳам дар Русия ин сабтҳои видеоро тамошо мекардааст, лекин намедонистааст, ки тамошо ва паҳнкунии ин гуна маводи видео ва садо дар ватанаш манъ аст”, - қайд карданд дар суд.

Суд Алиҷон Шариповро дар таблиғу паҳнкунии ақидаҳои ифротгароӣ айбдор дониста, ӯро ба муҳлати 9,5 соли зиндон маҳкум кард.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро моҳи январ дар зодгоҳаш - деҳаи Меҳрободи ноҳияи Вахш баъди бозгашт аз муҳоҷират боздошт намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.