Собиқ котиби Суди олии иқтисодии Тоҷикистон Бобоҷон Ширинови 33-сола ба гумони қатли собиқ ҳамсараш боздошт шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Куштор шоми рӯзи 6 июн дар ноҳияи Синои пойтахт сурат гирфтааст. «Тахминан соатҳои 22-40 ба беморхонаи шаҳри Душанбе, шаҳрванд Моҳира Ятимоваи 33-сола бо ҷароҳатҳои халландаю бурранда дастрас карда шуд, ки аз ҷароҳатҳои бардошташуда ба ҳалокат расидааст», - қайд мешавад дар хабар.

Дар ВКД таъкид доштанд, ки Бобоҷон Ширинов бо исрори падараш - Раҷабалӣ Ширинов ба шуъбаи милитсия омада, баёнот медиҳад, ки ҳангоми муноқиша ба собиқ ҳамсараш Моҳира Ятимов бо корд зарба задааст.

Бобоҷон Ширинов ва Моҳира Ятимова соли 2007 издивоҷ намуда, ду сол пеш аз ҳам ҷудо шуданд. Ҳарду соли 2007 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм кардаанд. Миёни ҳамсарон мудом барои кӯдакону амвол муноқиша сар мезад. Ду нафар кӯдакон бо падар ва як нафарашон бо модар зиндагӣ мекарданд. Шоми рӯзи 6 июн ҳангоми муноқишаи навбатӣ Бобоҷон Ширинов ба собиқ ҳамсараш бо корд якчанд зарба зада, пинҳон мешавад.

Бобоҷон Ширинов писари генерал Раҷабалӣ Ширинов, собиқ муовини директори Агентии нахзорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон мебошад. Моҳи феврали соли 2015 зимни ҷаласаи Шӯрои амният Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Агентии зиддифасодро танқид кард. Баъди ин дар Агентӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифта, Ширинов низ аз мансаб сабукдӯш шуд.

То таъинот ба мансаби муовини роҳбари Агентии зиддифасод Раҷабалӣ Ширинов солҳои тӯлонӣ мақомоти Пулиси андози Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.