Суди шаҳри Хуҷанд сокини 37-солаи шаҳри Ваҳдат Суннатулло Муҳаммадиевро барои узвият дар сафҳои созмони террористии Давлати исломӣ ва иштирок дар даргириҳои мусаллаҳонаи Сурия ба 15 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Судя ва ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Шуҳрат Саидмухторзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки судшаванда моҳи июли соли 2016 ҳамроҳи модар, ҳамсар ва се фарзанди ноболиғаш нахуст ба Алмаато, сипас баъди 6 моҳ ба Туркия рафта, аз он ҷо ба Сурия меравад ва дар амалиёти ҷангӣ ширкат меварзад.

«Ӯро мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дастгир карда, ба ихтиёри Тоҷикистон доданд», - иброз дошт судя.

Ёдрас мекунем, ки як моҳ пеш - 13 июни соли 2018 суди шаҳри Хуҷанд бародари ӯ - Масрурхон Муҳаммадиеви 36-сола, табибро низ барои узвият дар сафҳои Давлати исломӣ ба 12 соли зиндон маҳкум карда буд.

Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли 2017 раиси суди вилояти Суғд Бахтиёр Оқилзода иттилоъ дода буд, ки соли гузашта судҳои вилоят нисбати 257 тан аз сокинони вилоят 165 парвандаи марбут ба амалҳои террористӣ ва ифротгароиро баррасӣ намудаанд, ки байни онҳо як нафар зан ва як нафар ноболиғ низ ҳузур доштанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.