Кормандони ШБДА РВКД Тоҷикистон аз 1 то 8 июл дар қаламрави шаҳри Душанбе аз рӯи далели бо истеъмоли машрубот сари чанбараки автомашина нишастан 6 ронандаи сархушро боздошт намуданд.

Миёни боздоштшудагон Ситора Раҳимова - зане низ ҳузур дорад, ки дар ҳолати сархушӣ мошини тамғаи «Ласети»( рақами давлатӣ - 4729ТТ01)-ро идора мекард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раёсати милитсияи пойтахт хабар медиҳад.

Дар Раёсати БДА зикр карданд, ки қаблан миёни ронадагони маст занон боздошт нашуда буданд. Ба ҷуз Раҳимов барои дар ҳолати мастӣ рондани автомашина шахсони зерин боздошт шудаанд: Беҳрӯз Саидов – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес –Бенс, рақами қайди давлатиаш 7025СР01; Аъзам Раҳимов – ронандаи автомашинаи тамғаи Ваз-21015, рақами қайди давлатиаш 4510СТ01; Сафараҳмад Ахмедов – ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес –Бенс, рақами қайди давлатиаш 3893DO01; Сиёвуш Шарипов – ронандаи автомашинаи тамғаи Ренҷ-Рове, рақами қайди давлатиаш 5300СТ01 ва Фатҳулло Наимов – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 3330ЕВ01.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи тағйиротҳои ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон воридшуда аз охири моҳи августи соли гузашта, барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазо вазнин карда шуда, муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуданд.

Барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.