Прокуратураи вилояти Хатлон тафтиши парвандаи ҷиноиро аз рӯи далели таркиш дар назди Шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ба итмом расонид. Таркиш санаи 1 декабри соли 2017 замони аз ҷониби капитан Зоҳидзода бақайдгирии аслиҳа ва муҳимот рух дод.
Прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки парванда нисбати нозири минтақавӣ аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - 108 (Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан) ва 322 (Хунукназарӣ) боз шуд, ки норинҷакпартои дастии зиддитанкиро (РПГ)-ро дарёфт намуда буд.
Прокурор аз ифшои ному насабаи нозири минтақавӣ худдорӣ варзида, танҳо илова намуд, ки парванда ҷиҳати омӯзиш ба Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ фирстода шуда, сипас ба баррасии суд ирсол мегардад.
Моҳи декабри соли 2017 Вазорати корҳои дохилӣ таркиш дар бинои Шуъбаи ВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппаро ҳодисаи нохуш номида буд. Дар Вазорат зикр карда буданд, ки ҳодиса дар натиҷаи таркиши норинҷакпартои дастии зиддитанкӣ, ки дар дохилаш тир дошт, ба амал омад.
Бар асари ин таркиш муфаттиши навбатдори шуъба капитан Муҳиддин Зоҳидзода ҳалок шуд, ки дар ин вақт рақамҳои муҳимоти ҷангии дарёфтшуда дар яке аз ноҳияҳои Бохтарро ба қайд мегирифт. Аз замони ҷанги шаҳрвандӣ ин ҷо то ҳанӯз аслиҳаву муҳимоти зиёди пинҳоншуда боқӣ мондааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста