Ҷаласаи навбатии 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсози прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ санаи 20 сентябри соли 2018 дар Душанбе доир мегардад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷаласа таҳти раёсати прокурори генералии Русия Юрий Чайка баргузор шуда, дар он аз иштироки прокуророни генералии 9 давлат - Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интизорӣ меравад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкориҳо байни мақомот, табодули маълумоти зарурӣ ва таҷрибаи корӣ, ҳамчунин тайёр кардани кадрҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

“Варианти ниҳоии рӯзномаи вохӯрии прокуророни генералии кишварҳои узви ИДМ дар Душанбе мавриди таҳия қарор дорад”, - илова кард манбаъ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.