Корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС), воқеъ дар қаламрави кӯчаи Қаҳҳоров дар Душанбе, сокини 19-солаи ноҳияи Қубодиён ба гумони суиқасд ба куштор боздошт шуд. Шаби шанбе ба якшанбе ӯ пулҳои хазина (касса)-и нуқтаи фурӯши сӯзишвориеро, ки дар он кор мекард, ғорат карданӣ шудааст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ шабона ба ҳуҷраи хазинадори нуқтаи сӯзишвории мазкур, марди 25-солаи сокини ноҳияи Фархор ворид ва бо мақсади тасарруфи маблағи пулӣ ба ӯ ҳамла мекунад.

«Бо воситаи корд ба узвҳои ҳаётан муҳими номбурда, аз он ҷумла 5-маротиба ба қафаси сина ва ду маротибаи дигар ба рони пояш задааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст», - омадааст дар маълумоти ВКД.

Ҳамчунин зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.