Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд аз қочоқи 3 млн. рубл пули нақд аз шаҳри Хуҷанд ба Русия пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, зимни азназаргузаронии гумрукии мусофирон ва бору бағочи хатсайри Хуҷанд – Екатеринбург шаҳрванд Фирдавс Пӯлодов боздошт мешавад.

«Дар ҷараёни санҷиш аз бадани ӯ миёнбанди худсоз ошкор ва дарёфт гардид, ки дар он асъори хориҷӣ ба маблағи умумӣ 3 млн. рубли русӣ дарёфт ва гирифта шуд, - омадааст дар хабари Хадамот. - Номбурда ин миқдор маблағро мехост бо тариқи пинҳонӣ аз назорати гумрукӣ аз Тоҷикистон ба Россия интиқол диҳад».

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 ва 289, қ. 2 (қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи нақлиёти Суғд фиристода шуд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, шаҳрвандони кишвар ва хориҷӣ то 3 ҳазор долларро бидуни зикри маблағ дар эъломия аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бароварда метавонанд. Дар сурати беш аз 3 то 10 ҳазор будани маблағи пулӣ мусофир бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ бояд эъломияи хаттӣ пур кунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.