Комиссияи махсуси Прокуратураи ҳарбии Тоҷикистон дар ҳайати намояндагони Қушӯнҳои сарҳадиии КДАМ сабаби ба худкушӣ даст задани сарбозро муайян мекунад.

Сарҳадбон Аваз Набиеви 22-сола ҳангоми дар рухсатии хизматӣ будан дар хонаи волидонаш дар ноҳияи Вахш даст ба худкушӣ зад.

Ҷасади овезони сарбоз бе аломатҳои марги маҷбурӣ субҳи рӯзи 22 август дар назди трансформатори назди манзили волидонаш дарёфт шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон подполковник Муҳаммад Улуғхоҷаев дар ин робита хабар дод, Аваз Набиев аз моҳи майи соли 2017 дар дастаи сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ишкошим адои хизмат мекард.

Барои хизмати намунавӣ пеш аз Иди Қурбон ба Набиев рухсатӣ дода мешавад. Ғайр аз ин пас аз ид тӯйи бародараш дар назар буд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин сарбози тоҷик бо навиштае дар рӯи хок, дар маҳалле, ки худро куштааст, аз падару модар узр пурсида ва тӯйро ба бародараш табрик гуфтааст.

Наздиконаш гуфтанд, ки Аваз Набиев рӯзи 20-уми августи имсол ба ноҳия омад ва ҳамагӣ ду рӯз ҳамроҳи онҳо зист. "Субҳи 22-юми август худашро ба дор овехтааст. Ҷасадашро яке аз ҳамсояҳо аз назди трансформатори назди бино ёфта, моро хабардор кард. Ҳамон шаб дар хона ҳамроҳи дигар аъзои оила хоб буд. Чӣ гуна субҳ хеста ва ба ин кор даст задааст, рӯшан нест", - гуфтааст яке аз наздикони Аваз Набиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Комиссияи махсуси Прокуратураи ҳарбӣ ба ҷуз волидон, наздикону шиносҳо, ҳамчунин ҳамхизматони сарбозро бозпурсӣ карданист, то ки сабаби ба худкушӣ даст задани ӯ муайян карда шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.