Кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат сокини 55-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро ба гумони қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда бо сокини 46-солаи шаҳри Ваҳдат маслиҳат намуда, ба ӯ ваъда медиҳад, ки барои фурӯши минбаъда аз Қазоқистон орду гандум меорад.

“Бо ин мақсад дар давраи аз соли 2010 то соли 2014 гумонбаршуда аз сокини шаҳри Ваҳдат 2 млн. 790 ҳазору 708 доллар маблағ гирифта, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф мекунад”, - хабар медиҳад ВКД.

Аз дигар ҷузъиёти ин масъала маълумот дода нашуда, зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз ва тафишот идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.