Аз 17 то 25 сентябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон таҳти унвони шартии «Нелегал-2018» марҳилаи дуюми чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ва амалиёти махсус оид ба мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар чорабинии мазкур риояи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар хонаҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо, корхонаву ташкилот ва иншооти корӣ мавриди санҷиш қарор дода хоҳанд шуд.

“Зимни баргузории амалиёт муҳлатнокии раводид, бақайдгирии шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, доштан ва ё надоштани иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ, эътиборнокии мӯҳлати шиноснома ва бечунучаро риояи қонунҳои амалкунанда ва санадҳои аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандии муқими Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода мешаванд”, - омадааст дар маълумоти ВКД Тоҷикистон.

Зимнан қайд мешавад, ки дар рафти ин чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ ошкору пешгирии дигар ҷиноятҳо амалӣ гардонида мешавад, ки ин ҳама баҳри таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, осоиштагиву оромии шаҳрвандон ва пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар қонуншиканиҳо равона гардидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.