Давоми соли 2017 ва тӯли 8 моҳи соли равон 10 ҳазору 392 нафар ноболиғон ба шуъбаҳои милитсияи пойтахт оварда шудаанд, ки 6 ҳазору 336 нафарашон хонандагони мактабҳои пойтахт ва боқимонда аз минтақаҳои кишвар мебошанд.

Бино ба маълумоти РВКД ҶТ дар Душанбе, ноболиғон ба Шуъбаҳои ВКД дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД барои машғул шудан ба оворагардӣ, талбандагӣ, боркашонӣ, ҷамъоварии маблағ дар нақлиётҳои мусофиркашонӣ, шустани нақлиёт, ташриф овардан ба марказҳои дилхушӣ, савдои кучагӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо оварда шудаанд.

Дар мулоқот бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода доир ба мавзӯи таҳлили вазъи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон, махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт қайд кард, ки сухан карда, афзуд ки новобаста аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ давоми 8 моҳи соли ҷорӣ шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содиршуда бамаротиб афзудааст.

“Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар давраи 8 моҳи соли ҷорӣ ба қайд гирифташуда 7.1%-и онҳо дар давраи аз соати 06:00 дақиқаи саҳар то 12:00 дақиқаи рӯз, 9,8% дар давраи соати 12:00 дақиқаи рӯз то 18:00 дақиқаи бегоҳ, 32,9% аз соати 18:00 дақиқаи бегоҳ то 24:00 дақиқаи шаб ва 50,2% аз соати 24:00 дақиқаи шаб то 06:00 дақиқаи субҳ содир карда шудааст”, - иброз дошт ӯ.

Дар идомаи мулоқот зикр гардид, ки нишондиҳандаҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯзҳо наврасон аз назорати волидайн, омӯзгорон ва дигар табақаҳои ҷамъият дур монда, бо истифода аз назорати суст ва бетарафии атрофиён ба чунин ҷиноятҳо даст мезананд ва бо ин кирдорашон ба номи давлату миллат доғ меоранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.