Дар ноҳияи Ёвон нисбати ду корманди милитсия, ки аз шахси бегуноҳ маҷбурӣ баёнот гирифтаанд, мутобиқи моддаи “Шиканҷа” парванда боз шуд.

Ин кормандони милитсия ба он гунаҳкор дониста мешаванд, ки моҳи июл сокини маҳаллӣ Шаҳбоз Аҳмадовро боздошт ва бо лату кӯб ва шиканҷа ӯро маҷбур мекунанд, ки гуноҳи накардаро эътироф намояд. Баъди чанд рӯз ӯро ба хонааш ҷавоб медиҳанд, зеро гумонбари ҳақиқӣ ба содир намудани ин ҷиноятро пайдо мекунанд, хабар доданд аз Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки қаблан Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дар бораи рад шудани оғози парвандаи ҷиноӣ оид ба ариза дар бораи шикоятро аз ҷониби Ахҳмадов бекор намуд. Мақомоти назоратӣ прокуратураи ноҳияи Ёвонро ба санҷиши иловагӣ уҳдадор кард.

Санаи 31 июли соли 2018 сокини ноҳия Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов ба Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани кумаки ҳуқуқӣ муроҷиат намуд.

Ба гуфтаи ӯ, аз 16 то 20 июли соли 2018 ӯро ғайриқонқнӣ дар ШВКД ноҳияи Ёвон нигоҳ дошта, мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор доданд. Муроҷиаткунанда изҳор намуд, ки ӯро латкӯб намуда, бо ҷараёни барқ шиканҷа медоданд. Дигар ба дард тоқат накарда, ӯ иқрор мешавад, ки барқасдона одамро бо корд задааст. Аммо аллакай рӯзи 20 июл ӯро ба хона ҷавоб медиҳанд, зеро шахсияти одамеро, ки ба содир намудани ин ҷиноят гумонбар дониста мешавад, муайян мекунанд.

Санаи 6 августи соли равон прокуратураи Ёвон санҷиши пеш аз тафтишот аз рӯи аризаи Аҳмадовро оғоз намуда, аз рӯи натиҷаҳои он дар робита ба ошкор нашудани аломатҳои ҷиноят дар амалҳои кормандони милитсия, оғози парвандаи ҷиноятӣ рад кард.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон қарор дар бораи рад шуданро бо сабаби “... дар робита ба ғайриқонунӣ будан ва саросемавор қабул шудан...” бекор кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.