Дар ҷараёни роҳандозии тадбирҳои фаврии ҷустуҷӯии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб як узви фаъоли гурӯҳи ҷиноятпешаи машғул ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боздошт шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, боздоштшуда сокини 36-солаи шаҳри Кӯлоб Холаҳмад Мадиев буда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда  бастаҳои бо маводи зардчатоби бӯи махсусдошта дарёфт ва гирифта шудааст.

“Тавре Шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон муайян намуд, маводи дарёфтгардида навъи “героин” буда, вазни он 1 кг 984,4 граммро ташкил дод”, - омадааст дар хабари Агентӣ.

Гуфта мешавад, тафтишот муайян намудааст, ки шаҳрванд Мадиев Х.М. пеш 2 маротиба барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба миқдори калон ва махсусан калон ба ҷавобгари ҷиноятӣ кашида шуда бошад ҳам, аз ин ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз даст ба содир намудани чунин ҷиноят задааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти  пешакӣ  барои муайян намудани дигар иштирокчиёни ҷинояти мазкур идома дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.