Айбдоркунандаи давлатӣ аз судяи Суди олӣ дархост намуд, ки Ҳусейн Абдусамадов ба ҳабси абад маҳкум шавад. Ҳусейн Абдусамадов роҳбари гурӯҳест, ки тобистони имсол дар Данғара ба сайёҳони хориҷӣ ҳамла карда буд.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди олии Тоҷикистон хабар дод, дар мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи қатли бераҳмонаи чор сайёҳи велосипедрони хориҷӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ аз суд дархост намуд, ки роҳбари гурӯҳ Ҳусейн Абдусамадов ба ҳабси абад маҳкум карда шавад.
Нисбати Ҳусейн Абдусамадов мутобиқи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ, аз қабили куштор бо бераҳмии махсус, терроризм, ифротгароӣ, ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша, барқасдона нобуд кардани амвол, ҷалби шаҳрвандон барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар хориҷи кишвар ва ғайра парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, Абдусамадов ба гуноҳаш иқрор шуда, вале пушаймонӣ изҳор накардааст. “Дар сухани охирини худ Абдусамадов изҳор намуд, ки аз кирдори содиркардааш пушаймон нест”, - гуфт манбаъ.
Содир гардидани ҳукм нисбати ҳамаи иштирокҷиёни парванда оид ба куштори бераҳмонаи сайёҳони хориҷӣ рӯзи 21 ноябр дар назар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Боздошти ду мансабдор бо иттиҳоми порагирӣ ва заминфурӯшӣ
Муҳоҷирон бо як патент метавонанд дар якчанд минтақаи Русия кор кунанд
Аз Юлдуз Усмонова то Фурқати Саид. Тақдими унвони Ҳофиз ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 10 санъаткори ду кишвар
Аъзои нави тими Рустами Эмомалӣ. Киҳо дар шаҳрдории Душанбе аз вазифа озод шуданд ё мансаби нав гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ имзо карданд
Корҳои таъмиру навсозии қитъаи душворгузари роҳи Душанбе - Хоруғ тезонида мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста