Аксарияти муносибатҳои ҳуқуқӣ байни ширкатҳои бинокор ва соҳибони хонаҳое, ки кӯчонида мешаванд, ҳамчунин иштирокчиёни дорои ҳисса ба сохтмон мувофиқи қонун танзим намешаванд (ҳоло дар қонунгузорӣ ҷой надорад) ва зимни муайян кардани шартҳои шартнома, ширкатҳо ин ҳолатро бисёр вақт ба манфиати худ истифода мекунанд.

Масалан, зимни гирифтани ҳиссаҳо дар сохтмон ва/ё ҳангоми бо қарори кӯчонидан ва сохтмони бинои нав омадани ширкатҳо, соҳибманзилҳо ва ҳиссагузорон дар бораи ширкати бинокор ҳеч маълумоте надоранд.

Ба ҳар ҳол, баъзе паҳлӯҳои ин масъалаи муҳим мутобиқи қонун танзим мешаванд. Инак:

Оё ман ба манзил ҳуқуқ дорам?

Мувофиқи моддаи 118 Кодекси манзили ҶТ, дар сурати кӯчонидани манзилҳои ба моликияти шаҳрвандон таалуқдошта бо гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ба ин шаҳрвандон дар хонаҳои фонди манзили давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо ба моликияти онҳо табдил додан хона дода мешавад.

Дар ин ҳолат агар арзиши манзили пешниҳодмешуда аз арзиши хонаи кӯчонидамешуда баланд бошад, фарқи нархи он аз соҳибхона рӯёнида намешавад. Ба дигар шаҳрвандони муқими доимӣ дар ин хонаҳо, ки аъзои ҳайати оилаи соҳибхона нестанд, бо шартҳои шартномаи кироя ва ё ичораи манзил хонаҳо дода мешаванд. Хонаҳои пешниҳодмешуда бояд ободу бароҳат ва ба талаботи санитарӣ ва техникӣ ҷавобгӯ бошанд.

Дар сурати арзиши баланд доштани хонаи кӯчонида мешуда аз хонае, ки пешниҳод мешавад, ба соҳибхона ҷубронпулиии дахлдор пардохт мешавад. Ҳаҷм ва тартиби муайян кардан ва ҷуброни арзиши хонаҳо, бино ва дигар сохтмон аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Ғайр аз ин, соҳиби хонаи кӯчонидамешуда ба харидории масолеҳ аз кӯчонидани хонаҳо, бино ва дигар сохтмонҳо бо нархи аввалияи масолеҳ бо назардошти фарсудашавӣ ҳуқуқи афзалиятнок дорад.

Бо хоҳиши моликон ба ҷойи хонаву биноҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки кӯчонида мешавад, дар ҷойи нав ҳамин гуна иншоот сохта шуда метавонд. Дар ин ҳолат, арзиши ин иншоот ҷуброн намешавад.

Шартҳо ва тартиби ба ҷойи дигар кӯчонидан ва сохтмони хонаҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.


Барои иҷораи манзили муваққатӣ ширкати бинокор бояд ба ман чӣ қадар маблағ ҷудо кунад?

Масъалаҳои ҳаҷми ҷубронпулии моҳона дар вақти то анҷоми сохтмон, ки моликон хонаи дигарро иҷора мегиранд, аз ҷониби қонун танзим намешавад.

Лекин ҳаҷми ҷубронпулӣ бояд ба иҷораи манзили ба он баробар (бо назардошти макони ҷойгиршавӣ, метри мураббаъ, шумори ҳуҷраҳо ва ғ.) кифоя бошад.

Арзиши хонаи кӯчонидамешуда чӣ гуна муайян карда мешавад?

Ин бо қонун муайян карда нашудааст, аммо зимни ба вуҷуд омадани баҳсҳо, метавон ба баҳогузорони мустақил муроҷиат намуд.

Агар кӯчонидан неву таъмири бино бошад чӣ?

Дар моддаи 119 Кодекси манзили ҶТ гуфта мешавад, агар ҳангоми таъмири асосӣ (азнавсозӣ)-и бино манзили мутаалиқ ба моликияти шаҳрвандон нигаҳдорӣ шуда натавонад, ба шаҳрвнадони дар ин манзил иқоматдошта мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда тибқи қисмхои якум ва дуюми моддаи 118-и Кодекси мазкур манзилҳо дода мешаванд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.