Кормандони Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе сокинони пойтахт – Алишер Қосимови 23-сола, Парвиз Раҷабови 21-сола ва Ҳайдаралӣ Сайфуддинови 24-соларо ба гумони даст доштан дар як силсила ҳодисаҳои дуздӣ дастгир намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти РВКД Душанбе, онҳо шабона тирезаҳои автомашинаҳои шахсиии сокинони пойтахтро дар назди манзилҳояшон шикаста, аз онҳо телефонҳои мобилӣ, компютеру ноутбук ва пули нақдро медуздидаанд.

Гуфта мешавад, зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шудааст, ки номбурдагон дар содир намудани 35 лаҳзаи ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, зарари ба шаҳрвандон расонидаи онҳо зиёда аз 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Қайд мешавад, ки беҳудагардии шабона ва машғул шудан ба бозиҳои компютериву вобастагб ба марказҳои букмекерӣ ин ҷавононро ба роҳи хато ва содир намудани ҷиноят бурдааст.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.