Дар ҷараёни рейди махсуси кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 нафар ронандагон дар ҳолати мастӣ аз машрубот боздошт шуданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти РВКД Душанбе, миёни онҳо ду нафар ронадагони таксӣ – Аҳмадҷон Алиев, ронандаи автомашинаи тамғаи Киа-оптима (рақами қайди давлатиаш 0078 ТТ 05) ва Дилшод Рашидов, ронандаи автомашинаи тамғаи Деу-ласети (рақами қайди давлатиаш 5487 ТТ 05) низ ҳузур доштаанд.

1/2

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 16 ҳазору 500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардани ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад, зимни баргузории рейди мазкур, ки муддати 14 рӯз дар роҳҳои пойтахт давом кард, наздики 8,2 ҳазор ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки қонуншикании аз ҳама бештар аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон дар микроавтобусҳо (маршруткаҳо)-и шаҳрӣ буда, барои роҳ додан ба чунин қоидавайронкунӣ 432 нафар ронандагон ҷарима шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.