Сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба “харидорон”, ки нақши онҳоро кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ бозиданд, “бор”-и худ - героин ва ҳашиш пешниҳод намуд.

“Дар ҷараёни чорабиниҳои фаври-ҷустуҷӯии кормандони Агентӣ дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ сокини маҳаллӣ Суҳроб Каримов боздошт ва дар доираи “хариди зери назорат” аз ӯ беш аз 12 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш ва 7,8 кило героин “харида шуд”, - хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, зимни тафтишотӣ пешакӣ муайян карда шудааст, ки ин маводи нашъаоварро Каримов аз шаҳрванди Афғонистон дастрас намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Каримов ва ҳамчунин ғоибона нисбати шаҳрванди Афғонистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.