Собиқ хизматчии ҳарбии воҳиди аграрии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои робита доштан бо хоини Ватан бо ҳукми суд 25 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Суди ҳарбии гарнизони Душанбе.

Зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ Қудратулло Завқови 24-сола ҳангоми хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2016 то августи соли 2017 тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо шаҳрванди Тоҷикистон Абдуҷаббор Сайдалов, ки дар сафҳои созмони террористии “Толибон” бевосита дар наздикии сарҳадии давлатии Афғонистон бо Тоҷикистон меҷангид, робита барқарор менамояд.

“Сайдалов дар Эрон таълими ҳарбӣ гирифта, дар сафҳои “Толибон” меҷангид. Завқов аз ин огаҳӣ дошт, лекин дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хабар надод”, - қайд кард манбаъ дар суд.

Охири моҳи апрели соли гузашта зимни ғайриқонунӣ аз сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон гузаштан, Сайдалиев аз ҷониби кормандони КДАМ Тоҷикистон боздошт шуда, моҳи августи соли 2018 бо қарори суд ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Дар мурофиаи судӣ  ӯ иқрор мешавад, ки замони чангиданаш дар сафҳои “Толибон” бо Завқов робита дошта, ӯ аз бо чӣ кор машғул буданаш дар Афғонистон огаҳӣ дошт.

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо назардошти ҷавонӣ ва софдилона иқрор шудан ба гуноҳаш Завқовро бо айбдорӣ мувофиқи моддаи 347 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он) дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.