Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (РМЗҶМ)-и ВКД Тоҷикистон шаҳрвандонро даъват мекунад, ки дар хабар додан ба мақомот доир ба ҷинояткориҳои марбут ба таҳсили ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимии динӣ дар хориҷи кишвар, шахсони машғул ба сеҳру ҷодугарӣ, далелҳои хариду фурӯши одамон ва ғайра саҳмгузор бошанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Раёсати мазкур ҳамчунин ба дастрасии маълумот дар бораи муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо, ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи иттилоот, моликияти зеҳнӣ, молу маҳсулот ва дорувориҳои қалбакӣ ва пастсифат ва дигар ҷиноятҳо низ манфиатдор аст.

Гуфта мешавад, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Тоҷикистон кафолати ҳимояи шахсӣ, ҳавасмандгардонӣ ва хабардор намудани муроҷиаткунандаро аз натиҷаи баррасии масъала таъмин мекунад.

“Шахсоне, ки дар бораи содир шудани чунин ҷиноятҳо маълумот доранд, ба таври фаврӣ метавонанд тариқи телефонҳои 227-07-07; 221-01-49, суроғаи электронӣ ([email protected]) ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ муроҷиат намоянд. Рақами Раёсат дар Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams) ва Вичат (WeChat): (+992) 93-444-00-66 аст”, - зикр мешавад дар маълумот.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.