Хабарнигор ва раҳбари пешини КВН-и Тоҷикистон Хайрулло Мирсаидов дар Тоҷикистон бо таъиноти ШВКД шаҳри Хуҷанд дар маҳалли зист мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст. Тариқи Интерпол (Пулиси байнулмилалии ҷиноӣ) ӯ алҳол мавриди ҷустуҷӯ қарор надорад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” адвокати ӯ Бахтиёр Насруллоев хабар дод.

Бино ба гуфтаи адвокат, Мирсаидов аз 6 феврал “барои саркашӣ аз иҷро накардани ҷазои ҷиноятӣ” мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.

Насруллоев мегӯяд, агар Мирсаидов ба Тоҷикистон баргардад, ӯро мувофиқи ҳукми ғоибонаи суди шаҳри Хуҷанд аз 11 январи соли равон ба муддати ҳашт моҳ ба ҳабс мегиранд.

Чунин қарорро суди шаҳри Хуҷанд бар асоси аризаи иҷрочии суд дар бораи бидуни иҷоза қаламрави кишварро тарк кардани Мирсаидов содир намуд.

Хайрулло Мирсаидов айни замон дар Гурҷистон қарор дошта, он ҷо табобат мегирад.

Қаблан дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” – изҳор намуда буд, ки “кишварро барои таъмини бехатариаш тарк кардааст”.

“Пеш аз ҳама, ман кишварро барои бехатариам тарк кардам. Нисбат ба Тоҷикистон дар хориҷи кишвар барои пулкоркунӣ бештар имконият дорам, то ки ҷаримаро пардохт намоям. Санаи 10 декабр беш аз 80 ҳазор сомонӣ маблағи ҷаримаро пардохт намудам”, - изҳор дошт Мирсаидов.

Мувофиқи қарори суд, дар доираи корҳои ислоҳӣ ӯ мебоист ҷойи кор ёфта, муддати ду сол 20% аз музди меҳнаташро ба давлат пардохт мекард. Ғайр аз ин, то 15 декабр ӯ мебоист дар ҳаҷми 80 ҳазор сомонӣ ҷарима пардохт мекард.

Бино ба гуфтаи хабарнигор, ӯ аллакай муддати се моҳ аст, ки дар Гурҷистон қарор дорад ва он ҷо табобат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳайати мушовараи суди вилояти Суғд аз 22 август, Хайрулло Мирсаидов аз толори суд озод карда шуд.

Суди вилоят ҷазо нисбати Мирсаидовро аз рӯи ҳамаи се модда, ки қаблан тибқи онҳо ба ӯ аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд айбнома пешниҳод шуда буд, тағйир дод.

Аз ҷумла моддаҳои 245 ва 345 (маҳрумият аз озодӣ) ба ҷарима дар ҳаҷми наздики 80 ҳазор сомонӣ ва моддаи 346 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба корҳои ислоҳӣ иваз карда шуданд.

Иҷрои корҳои ислоҳӣ маънои онро дорад, ки Хайрулло Мирсаидов дар ҷойи дилхоҳаш кор карда метавонад ва 20% аз ҳаҷми музди меҳнаташро муддати 2 сол ба буҷети давлатӣ пардохт мекунад.

Суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндон маҳкум намуд. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои азхудкунӣ ё камомади маблағ, сохтакории ҳуҷҷатҳо ва дидаву дониста додани маълумоти бардурӯғ гунаҳкор эътироф гардид.

Пас аз содир шудани ҳукми суд оилаи Мирсаидов ба сифати ҷуброни зиёни муайяншуда аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ ба нафъи давлат 124 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.