Давоми як ҳафта ронандагони нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ба беш аз 1 ҳазор ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳ додаанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, 745 нафар ронандагон барои худсарона баромадан аз хати сайр ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда, 311 нафар барои аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон ҷарима шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳафтаи сипаришуда, дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 3,2 ҳазор ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Зикр мегардад, ки дар ин давра аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 7 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Миёни онҳо ронандаи такси Шаҳобиддин Иноятов ҳузур дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.