Суди вилояти Суғд шаҳрванди Ӯзбекистон Гулмира Аҳмедоваро ба 22 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз суди вилоят дар ин робита хабар доданд, сокини 41-солаи ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, ки дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иқомат мекард, дар куштори бераҳмонаи ҳамсоязан гунаҳкор эътироф гардида, ҷиноят санаи 14 июли соли 2018 содир шудааст.

“Маҳкумшуда ба тиҷорати хурд машғул ва аз бонкҳо қарздор будааст. Тасмим мегирад, ки ҳамсоязани пиронсолаш Эргашой Холбоеваро кушта амволи ӯ, аз ҷумла ороишот ва зару зевари тиллоии ӯро азхуд мекунад, - гуфт манбаъ.

Бино ба гуфтаи ӯ, бо баҳонаи кумак чиҳати ба ҷойи дигар бурдани ҷевон ӯ ҳамсоязанро ба хонааш даъват мекунад.

“Вақте ҳамсоязан ба хонааш меояд, бо корд ба пушти ӯ ду маротиба зарба мезанад. Зан доду фарёд бардошта, ба кӯча гурехтанӣ мешавад. Маҳкумшуда даҳони занро бо сачоқ баста, чандин маротиба сари ӯро ба фарши хона мезанад. Дар натиҷа ҳамсоязан аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии аз сар гирифтааш ҳалок мешавад”, - гуфтанд дар суд.

Аммо, ба иттилои манбаъ, бо ин ҳам қаноат накарда, маҳкумшуда ҳамаи ороишот ва зару зевари занро гирифта, ӯро ба кампал мепечонад. Сипас бо ёрии писараш ҷасадро ба танӯрхона бурда, онро месӯзонад ва боқимондаҳои ҷасадро дар ҳавлӣ гӯр мекунад. Ороишот ва зару зеварро зан ба 1850 сомонӣ фурӯхтааст.

“Зани пиронсолро пайвандону наздиконаш ба ҷустуҷӯ оғоз мекунанд. Субҳи санаи 21 июл саги фавтида косахонаи сари соҳибашро ба хонаи писараш меорад. Ба туфайли зиракии саг, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиноятро пайгир шуда, онро ошкор намуданд”, - илова намуд сарчашмаи хабар. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.