Сокини шаҳри Турсунзода Муҳаммадӣ Тошеви 56-сола нимаи моҳи октябри соли гузашта дар ҳолати мастӣ пои чапи занаш – Гулбаҳор Умароваи 33-соларо бо табар аз тан ҷудо карда буд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, Тошев соати 1ғ шаб дар ҳолати мастӣ бо табари хоҷагидорӣ мусаллаҳ гардида, дар манзили худ аз ҳиссиёти рашк ба қисмати поёни соқи пойи чапи ҳамсари хоббудааш бо табар як маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа пойи ӯ аз баданаш ҷудо шудааст.

Гуфта мешавад, нисбати Муҳаммадӣ Тошев мутобиқи моддаи 110 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Барои содир намудани ин ҷиноят суди шаҳри Турсунзода Муҳаммадӣ Тошевро ба 8 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.