Моҳи ноябри соли гузашта ӯ тариқи Маскав ва Киев ба Туркия рафта, ҳангоми кӯшиши гузаштани сарҳади Туркия бо Сурия боздошт шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Ҷӯрабек Султонови 23-сола ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанаш дар шаҳри Маскав тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ғояву ҳадафҳои созмони террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Давлати исломӣ” шинос шуда, тасмим мегирад, ки ба сафи ин созмон мепайвандад.

Охири моҳи ноябри соли гузашта Султонв бо роҳбаладии узви фаъоли Давлати исломӣ бо номи “Абӯзар” аз Маскав ба Киев рафта, сипас озими шаҳри Истанбул мешаванд. Аввали моҳи декабри соли 2018 ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Туркия бо Сурия ӯ аз ҷониби хадамоти махсуси ин кишвар боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки суди шаҳри Турсунзода Ҷӯрабек Султоновро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд.

Моҳи июли соли гузашта сафири Туркия дар Душанбе Алӣ Рафъат Куксал зимни вохӯрӣ бо журналистон изҳор дошта буд, ки “ҳеҷ кадоме аз ҷинояткороне, ки аз ҷониби Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, дар Туркия паноҳгоҳ намеёбад”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.