Ронандазане, ки аз ҳама бештар ба қоидавайронкунӣ дар роҳҳо даст задааст, Кенҷамо Акбарова, сокини кӯҷаи Ломоносови пойтахт эълон шуд, хабар медиҳад Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон.

Дар автомашинаи тамғаи ВАЗ-2107 ин зан 98 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон кардааст. Ин қоидавайронкуниҳоро камераҳои видеои “Шаҳри бехатар” сабт кардаанд.

Дар зинаи дуюм ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-350” Парвина Рӯзалиева, сокини кӯчаи Семёнови шаҳри Душанбе қарор дорад, ки 73 маротиба ба қоидавайронкунӣ зимни ҳаракат дар роҳ даст задааст.

Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон аз ронандагони ба қоидвайронкунӣ роҳдода талаб кардааст, ки дар муҳлати муқарраршуда ҷаримаҳои маъмуриро пардохт намоянд.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар пойтахт 31 октябри соли 2014 мавриди амал қарор гирифта, дар доираи он дар тамоми роҳҳои пйтахт 870 адад камераҳои сабти видеоӣ насб шуданд.

Маблағи амалисозии лоиҳа 22 млн. доллар арзёбӣ шуда, аз ин миқдор 20,9 млн. доллар - қарзи дарозмуҳлати Чин ва боқимонда 1,1 млн. доллар ҳиссаи Тоҷикистон аст. Зикр гардида буд, ки муддати 20 сол ин қарз аз ҳисоби ҷаримаҳои пардохтшуда барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пардохта мешавад.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, аз замони мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи “Шаҳри бехтар” то моҳи ноябри соли гузашта 932 ҳазору 787 нафар ронандагон ба маблағи 116 млн. 501 ҳазору 710 сомонӣ (беш аз 12,3 млн. доллар) ҷарима шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.