Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нисбати директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ҳамин ноҳия Мухторалӣ Муродов мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, ӯ ба хароҷоти воситаҳои пулии аз ҷониби давлат ҷудошуда барои таъмири мактаб барои эҳтиёҷоти шахсии худ гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, барои таъмири мактаб ҳамагӣ 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, Муродов беш аз 7 ҳазор сомонии онро азхуд кардааст.

Ғайр аз ин, бо фармони директор бародараш Усмоналӣ Муродов посбони мактаб таъин мешавад, лекин амалан кор накарда, музди меҳнат мегирифтааст. Бо ин амалаш ӯ ба давлат дар ҳаҷми қариб 5,5 ҳазор сомонӣ зиёни молӣ расонидааст.

Дар сурати исботи айбномаҳо ба Муродов то 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати ду сол ҷазо таъин шуда метавонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.