Барои гурехтан аз хизмати ҳарбӣ Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбозро ба 7 моҳи зиндон маҳкум кард.

Сокини шаҳри Душанбе Саидмуҳсинҷон Саидов санаи 4 январи соли 2018 ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда, пас аз 1 рӯзи даъват аз хизмат гурехт.

Баъди гурехтан ӯ расо 8 моҳу 29 рӯз озодона ба зиндагии худ идома дод. Тамоми ин муддат мақомоти милитсяи ӯро ҷустуҷӯ мекард.

Санаи 3 январи соли ҷорӣ сарбози фирорӣ боздошт шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди ҳарбии гарнизони Душанбе хабар дод.

Суди ҳарбӣ Саидовро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 375 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Фирор) айбдор эътироф намуда, ӯро ба муҳлати 7 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.