Сокини шаҳри Душанбе Бунёда Бӯриева моҳи сентябри соли 2016 бо мақсади тасарруфи манзилҳои ба шавҳараш тааллуқдошта ҳамсараш – Элмурод Бегалиевро бо бераҳмии махсус ба қатл мерасонад.

“ Ӯ бо дору шавҳарашро мадҳуш карда, бо истифода аз ҳолати оҷизӣ бо зарбаҳои санг ба сари мард ӯро ба ҳалокат мерасонад”, - қайд мешавад дар маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, пас аз куштор зан ҷасади шавҳарашро зери чуқурии кофтааш дар фарши хона пинҳон мекунад. Сипас бо ёрии сокини пойтахт О.Эгамов тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо ду манзили ба шавҳараш таллуқдоштаро фурӯхтааст.

Ҷасади Элмурод Бегалиев моҳи августи соли 2018 дарёфт шуда, дарҳол ба гумони даст доштан дар куштори ӯ ҳамсараш боздошт мешавад.

Бо қарори суди шаҳри Душанбе Бӯриева ба 27 соли зиндон ва ҳаммаслаки ӯ дар фурӯши хонаҳо Эгамов ба 2 соли зиндон маҳкум шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.