Дар суди шаҳри Хуҷанд баррасии парвнада нисбати сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Савринисо Мақсудова, ки тифлашро фурӯхтанӣ буд, ба итмом расид.

Тавре ба “Азия-Плюс” раиси суди шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Мавҷуда Шарифзода хабар дод, судшаванда Савринисо Мақсудоваи 36-сола шавҳар ва ҷойи истиқомат надоштааст.

“Бори сеюм аст, ки ӯ барои содир намудани чунин ҷиноят дар курсии айбдорӣ нишастааст, се тифли навзоди худро фурӯхтан мехост”, - қайд кард Шарифзода.

Раиси суд ҳамчунин зикр кард, ки духтарчаи сеюми навзоди худро ӯ ба сокини шаҳри Истаравшан, ки фарзанд таваллуд карда наметавонад, фурӯхтанӣ буд.

“Ба ивази кӯдак модараш аввал дархост намудааст, ки барояш сарулибос харанд ва сипас ҷиҳати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои духтарча боз 2 ҳазор сомонӣ пул талаб кардааст”, - иброз дошт Шарифзода.

Зимнан зикр гардид, ки бачаҳои зан айни замон дар хонаи кӯдакон қарор дошта, суд Савринисо Мақсудоваро мутобиқи моддаи 167, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (хариду фурӯши ноболиғон) ба 9 соли зиндони низоми умумӣ маҳкум кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.