Зодаи ноҳияи Файзобод Ғоибназар Сулаймонзода моҳи октябри соли 2012 ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда баъди ду моҳ командири шуъбаи ротаи комендантии Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон таъин шуд.

Моҳи январи соли 2013 ҳайати фармондеҳии рота ба сарбоз рухсатии кӯтоҳмуҳлат дода, лекин ӯ дигар баъди он ба хизмат барнамегардад.

Сарбоз мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон гардида, моҳи октябри соли гузашта бо дархости Тоҷикистон аз Маскав ба Душанбе истирдод шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз суди ҳарбии гарнизони Душанбе.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати сарбоз мутобиқи моддаи 375 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Фирор) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо қарори суд нисбати ӯ муҳлати як сол хизмат дар қисми низомии интизомӣ (муҷозотӣ) ҷазо таъин шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.