Собиқ раиси ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон боздошт шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, ӯ ба суистеъмол аз ваколатҳои мансабӣ, азхудкунии воситаҳои пулии ширкати ҳавопаймоӣ ва изофанависиҳо айбдор карда мешавад.

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон охири моҳи январ зимни вохӯрӣ бо журналистон изҳор дошт, ки ниҳоди зертобеъи ӯ санҷиши фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории ширкати “Тоҷик Эйр”-ро оғоз намудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи далелҳои дуздӣ, изофанависӣ ва азхудкунии воситаҳои пулӣ натанҳо нисбати собиқ роҳбар Хайрулло Раҳимов, балки нисбати дигар ҳаммаслакони ӯ, аз ҷумла собиқ кормандони ҳайати раҳбарии “Тоҷик Эйр” низ парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Моҳи декабри соли 2018 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба санҷиши фаъолияти “Тоҷик Эйр” дастур дода, ба масъалаи харидории ҳавопаймои Боинг 767-332 аз ҷониби ширкат эҳтимол бо нархи баландтар аз аслиаш ишора намуд.

Рӯзи 21 январи соли ҷорӣ зимни ҷаласаи ҷамъбасти соли ҳукумат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ширкати “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимовро барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷидддӣ дар фаъолияти корхона мавриди интиқоди шадид қарор дода, ӯро аз толори маҷлис пеш кард. Рӯзи дигар ӯ аз мансаб сабукдӯш шуд.

Дилшод Исматуллозода, ки ба ҳайси муовини роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фаъолият дошт, директори нави генералии ширкат таъин шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.