Тӯли ҳафтаи сипаришуда кормандони Раёсати БДА шаҳри Душанбе дар ҷараёни баргузории рейдҳо дар роҳҳои пойтахт 6 ронандаеро боздошт намудаанд, ки воситаи нақлиётро дар ҳолати мастӣ идора мекарданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, дар ин давра 714 ҳолати аз ҷониби пиёдагардон риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст.

Дар зинаи дуюми қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ронандагони микроавтобусҳои мусофирбар (маршруткаҳо) қарор доранд, ки дар 601 ҳолат аз меъёр зиёд мусофиронро ба автомашинаҳо савор кардаанд.

Барои худсарона баромадан ё дигар кардани хати сайри нақлиёти мусофирбар 41 нафар ва барои риоя накардани меъёри суръати ҳаракат дар роҳ 90 нафар ронандагон ҷаримабандӣ шудаанд.

Дар давраи баргузории рейд ба сурати умум муддати 6 рӯзи охир дар роҳҳои Душанбе наздики 3,5 ҳазор ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳҳо ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.