Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон марди 22-сола ният дошт, ки маркази хизматрасонии ҶСК Бонки Эсхатаро ғорат намояд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, мард бо ниқоб дар рӯй ва предмети ба силоҳ монанд, инчунин бо 1-адад корди хоҷагӣ ба кормандони филиали бонк дармеафтад.

“Ғоратгар ба амалиётгар-нозири 27-сола ва зани 46-солаи сардори маркази хизматрасонии филиал бо роҳи зӯроварӣ таҳдид намуда, маблағи пулии 45 ҳазор сомонӣ ва 2 ҳазору 250 доллари амрикоиро тасарруф мекунад”, - қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Гуфта мешавад, номбурда вақте мехоҳад, ки бо маблағҳои тасарруфнамудааш аз ҷойи ҳодиса фирор намояд, кормандони бонки мазкур муқобилият нишон дода, ӯро дастгир кардаанд.

Боздоштшуда сокини 22-солаи ноҳияи Хуросон будааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.