Давоми як ҳафта дар роҳҳои шаҳри Душанбе беш аз 4 ҳазор адад ҳолатҳои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва 7 нафар ронанда зимни дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт боздошт шудаанд.

Тавре Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, миёни ронадагоне, ки дар ҳолати мастӣ сари чанбараки автомашина боздошт шудаанд, ду нафар таксирон - Беҳрӯзҷон Ҷобирзода, ронандаи автомашинаи Hyundai ва Маҳмадулло Юсупов, ронандаи  Hyundai низ ҳузур доранд.

Мувофиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, барои идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ дар ҳаҷми 300 нишондиҳандаи ҳисоб, яъне 16 ҳазору 500 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум кардани ҳуқуқи ронандагӣ ба муддати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Гуфта мешавад,  дар доираи рейдҳо тӯли ҳафта 9 ҳолати бе рақами қайди давлатӣ рондани автомашина, 136 ҳолати баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқарраршуда, 101 ҳолати истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт, 24 ҳолати итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо, 11 ҳолати итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оид ба манъ кардани воситаи нақлиёт, 63 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ ва 122 ҳолати нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷониби пиёдагардон ва ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ низ ҳолатҳои риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудааст.

Байни ронадагони нақлиёти ҷамъиятӣ 44 ҳолати худсарона баромадан аз хати сайр ва 328 ҳолати аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон ошкор шудааст. Дар 879 ҳолат риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.