Баҳодур Яҳёев, ронандаи автомашинаи Mercedes-Benz барои майдаавбошӣ ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ӯ назди бозори “Султони Кабир” автомашинаи худро нодуруст манъ карда, ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт роҳ додааст.

“Номбурда ба эроди дигар ронандагони воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ронандаи тролейбус Хушбахт Раҳимов оид ба кушодани пеши роҳ беэътиноӣ зоҳир намуда, бар замми ин ӯро дашномҳои қабеҳ ва шаъну шарафашро дар назди дигар шаҳрвандон паст зада, ҳамзамон бо ӯ даст ба гиребон шудааст”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, баъди ин ҳодиса ронандаи автомашинаи Mercedes-Benz аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва нисбати ӯ бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парванда боз мешавад.

Суди ноҳияи Фирдавсии пйоатх санаи 20 май Баҳодур Яҳёевро ба ҷазои ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 рӯз маҳкум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.